Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Марямбонуи Фарғонӣ
Марямбонуи Фарғонӣ

Кӯҳ тоҷикам нигаҳ дошт

Чашмаам - духти кӯҳистониам, лафзи ширини биҳиштиям форсист! Чор сӯям кӯҳи мағрур, Кӯҳҳо ҳамрешаам, ҳамдилу ҳамрозу ҳамандешаам — волидонам кӯҳҳоянд! Турксону туркмон нагашта, бо ғурури тоҷикӣ гардандарозӣ карданам, то бар афлок, сарфарозӣ карданам ҳамагӣ з-ин кӯҳҳоянд! Ҷовидон "Санги арӯсам"! Хоҳари Чилдухтаронам! Ҳамрадифи ору нангам! Ҳар куҷо як покдомон — чокдомон сарбадорест, ёвару ёри муносибу баномусам! Зиндагӣ бар коми ман бод! Офарин бар номи ман бод!