Ба ёди устод Улуғзодаи покнажод
Ифтихори тоҷикият
дар соҳати Эронвиҷам,
Марзи ҷуғрофиёят —
марзи номус.
Аз хоки Тӯс то марзи Тӯс*,
Балки худ
васлгари ду Тӯс будаӣ,
Зарра-зарра васли моро
восил бигаштӣ, ай падар.
Бардамидӣ сури бедорӣ,
Бо чорзарб
Бинвохтӣ табли бедорӣ,
То насли мо бедор бод,
Ҳушёр бод!
Ман адои тоқии тӯсии ту,
Ҷон фидои номуси тӯсии ту!