Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Марямбонуи Фарғонӣ
Марямбонуи Фарғонӣ

Ғазали ғазал бихоҳам, на ғазал, ғизол ояд

Ғазали ғазал бихоҳам, на ғазал, ғизол ояд, Ҳама ҳусну зебу оро, сару по ҷамол ояд. Ба рухаш, ки моҳи тобон, ба лабаш, ки лаъли сероб, Ба назар зи мушку анбар биниҳода хол ояд. Ба само назар бикардам, ба ҷабин чу шамси Ховар, Нигаҳаш ба сони ахтар, ба забар ҳилол ояд. Ба сари раҳаш нишастам ба ҳазору як таманно, Ба қадам қалам кашида суханори* фол ояд. Ба қиёс сарви боло, ба шамим атри Порис, Зи пари ду зулфи афшон фаразан шамол ояд. Ману ҳоли мурғаки дил, ваю сад карашмаю ноз, Ману кори саъбу мушкил, чи аҷаб муҳол ояд. Қафаси ҳиҷо куҷо шуд, гирамаш ба донаи меҳр? Тарафе ғизоли зебо, тарафе ҳилол** ояд! Куруно, ки дом монда, ҳавасам ҳавои тоза, Дамани ғазал бихоҳам, ки дилам ба ҳол ояд!