Забони модарии ман
Забони модарии ман,
Гавҳари ноб,
Дарии ман.
Дил бари ту супурдаам,
Забони дилбарии ман!
Дурри дарии модарам,
Забони шеър,
Забони илм.
Забони сулҳу ваҳдат аст,
Забони ақл,
Забони ҳилм.
Лаҳҷаи Сӯхи дилпазир,
Лаҳҷаи шӯху беназир.
Мавҷ ба авҷ,
Фавҷ ба авҷ
Ширбадан -
Моҳии рӯди Обишир.
Шеъри сапеди Обишир -
Шири сапеди модарам.
Сабки нигоришаш бибин -
Таронаҳои дилбарам!
Зор шавад ба қатрааш,
Касе нашуд, ки бедилаш
Ба вақти назъ
Хор шавад,
Ташна мирад ба соҳилаш.
Ними ҷаҳон волаи ту
Забони ҳур -
Парии ман!
Ту лаҳни дилбари манӣ,
Порсӣ ё дарии ман.
Забони модарии ман,
Забони модарии ман!