Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Марямбонуи Фарғонӣ
Марямбонуи Фарғонӣ

Замоне мову ту ҳампарта будем

Замоне мову ту ҳампарта будем, Ба гулзори муҳаббат раста будем. Гулистони муҳаббат - мактаби мо, Ду гулғунча ба як гулдаста будем. Ба ҳамдигар чунон дилбаста будем, Зи олам гӯиё вораста будем. Ту аз ман будиву ман аз ту, ай ёр, Ба бегона дари дил баста будем. Баёзи дафтарам буд аз Ҳилолӣ, Дар он гулчини абёту ғазал буд. Гирифтори румони ошиқона, Зи Мопассан китобат як бағал буд. Агар бар даҳр шоми ғам намебуд, Ба пиндорам, ки чашми нам намебуд. Душанбе буд, агар ҳар рӯзи ҳафта, Ба охир “рӯзҳои дам” намебуд. Шаби ялдо ҳама шаб буда гӯё, Ба ёди рӯзи нав девона будем. Яқин дорам, хаёлан ҳардуи мо, Гаҳе шамъу гаҳе парвона будем. Чу мурғони чаманоро дами субҳ Ба як дам мижагонро баста будем. Ба ботин қудрати беинтиҳомон, Ба зоҳир андаке мо хаста будем. Ба мактаб, бар масал, аз "реша"* пурсанд, Ҷавоби мо зи гул буду зи гулбун. Муаллим бо тамасхур ханда мезад, Ману ту сарфиканда, чеҳра гулгун... Садо ояд зи умқи хотиротам: Навои номи ту - гулбонги булбул. Ба ҳар баргаш муҳаббатномаи ту, Миёни дафтарам хушкидаи гул. Дили ту ошиқи субҳи сафо монд? Шаби ман дар назар кони ҷафо монд... Саҳаргоҳон куҷо бояд шитобам? Гулистонам магар кони вафо монд? Аё ҳамдарси ман, ҳоло куҷоӣ? Ба хобам меҳмон ҳар шаб чароӣ?