Ба шаккарханд аз он лабҳои хушдашном қонеъ шав,
Ба матлаб мерасад ҷӯёи ком оҳиста-оҳиста,
Зи дарё мекашад сайёд дом оҳиста-оҳиста.
Ба Мағриб метавонад рафт дар як рӯз аз Машриқ,
Гузорад ҳар кӣ чун хуршед гом оҳиста-оҳиста.
Ба ҳамворӣ баландӣ ҷӯ, ки теғи кӯҳро орад
Ба зери пой кабки хушхиром оҳиста-оҳиста.
Зи тадбири ҷунуни пухта кори ақл меояд,
Ки Маҷнун оҳуонро кард ром оҳиста-оҳиста.
Ҳамон маънист бар ҳусни мадори ҳуҷҷати нотиқ,
Ки тӯтӣ мешавад ширинкалом оҳиста-оҳиста.
Хаёли нозук охир мефурӯшад чеҳраи шӯҳрат,
Маҳи нав мешавад моҳи тамом оҳиста-оҳиста.
Агарчи ришта аз тори гуҳар беҷону лоғар шуд,
Кашид аз мағзи гавҳар интиқом оҳиста-оҳиста.
Машав аз зердасти хеш эмин дар тиҳидастӣ,
Ки хуни шишаро нӯшид ҷом оҳиста-оҳиста.
Дилам аз оҳ, мегуфтам, шавад холӣ, надонистам,
Ки печад бар саропоям чу дом оҳиста-оҳиста.
Ба шаккарханд аз он лабҳои хушдашном қонеъ шав,
Ки хоҳад талх гардид ин мудом оҳиста-оҳиста.
Агар номи баланд аз чарх хоҳӣ, сабр кун, Соиб,
Зи пастӣ метавон рафтан ба бом оҳиста-оҳиста.