Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Соиби Табрезӣ
Соиби Табрезӣ

Барор сар зи ниҳонхонаи рухаш, эй хат,

Рухе ба шабнами май ҳамчу барги лола бидеҳ, Дигар ба ҳар кӣ дилат мекашад, пиёла бидеҳ. Намедиҳӣ қадаҳи бешумор, эй соқӣ, Шумори қатраи борон куну пиёла бидеҳ. Ҳарифи даври гаронсайр нестам, соқӣ, Чу мавҷи оби мусаллас ба ман пиёла бидеҳ. Ба ёди ҳар чӣ хӯрӣ май, ҳамон нишот диҳад, Ба завқи нашъаи тифлӣ майи дусола бидеҳ. Баҳор шуд, чӣ ба ҷо хушк мондай, эй абр, Сазои шишаи тақво ба санги жола бидеҳ. Ниҳода бар рухи гул нуқтаҳои шак шабнам, Ба боғ рӯ куну тасҳеҳи ин рисола бидеҳ. Зи ранги доғии худ ноз бар чаман дорад, Ба як пиёлаи май гӯшмоли лола бидеҳ. Зи чашми хонабарандози ӯ мулоҳиза кун, Калиди хонаи дил ҳамроҳи қабола бидеҳ. Сазои туст ба хун рӯй шустан, эй сайёд, Туро кӣ гуфт, ки фатво ба хуни лола бидеҳ. Барор сар зи ниҳонхонаи рухаш, эй хат, Ба гирди моҳ тапидан ба ёди хола бидеҳ. Нишаст шуъла зи овози булбулон, Соиб, Барои хотири гул тарки оҳу нола бидеҳ.