Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Соиби Табрезӣ
Соиби Табрезӣ

Агар зи дарди талаб хор-хор доштаме.

Забони шиква агар ҳамчу хор доштаме, Ҳамеша хирмани гул дар канор доштаме. Ҳазор хона чу занбӯр кардаме пуршаҳд, Агар газидани мардум шиор доштаме. Зи дасти рост надонистаме агар чапро, Чӣ ганҷҳо ба ямину ясор доштаме. Ба абр агар даҳани худ кушудаме чу садаф, Ҳазор ақди гуҳар дар канор доштаме. Агар ғубори тааллуқ фишондаме чу садаф, Дили сабук чу насими баҳор доштаме. Ба дарди ишқ агар мубтало намегаштам, Чӣ дилхушӣ ман аз ин рӯзгор доштаме. Қафас ба дӯш сафар кардаме аз ин гулшан, Агар зи дарди талаб хор-хор доштаме. Зи оҳ киштии дил бодбон агар медошт, Аз ин муҳит умеди канор доштаме. Ба айби хеш агар роҳ бурдаме, Соиб, Ба айбҷӯии мардум чӣ кор доштаме?