Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Соиби Табрезӣ
Соиби Табрезӣ

Меҳроби назархост, камоне, ки ту дорӣ,

Меҳроби назархост, камоне, ки ту дорӣ, Шерозаи ҷонҳост, миёне, ки ту дорӣ. Чун сабза замингир кунад оби равонро, Ин қомати чун сарви равоне, ки ту дорӣ. Бар рӯи замин занги иморат нагузорад, Ин ҷилваи селобиноне, ки ту дорӣ. Аз ҳалқаи соҳибназарон хуш рабояд, Аз ҳар мижаи шӯх синoне, ки ту дорӣ. Бас хун, ки кунад дар ҷигари гӯшанишинон, Ин кунҷи лабу кунҷи даҳоне, ки ту дорӣ. Як синаи бедоғ маҳол аст гузорад, Ин чеҳраи чун лоласитоне, ки ту дорӣ. Дар гулшани ҳусни ту халал роҳ надорад, Дар хоби баҳор аст хазоне, ки ту дорӣ. Соиб, чӣ хаёлест, ки битвон ба нишон ёфт, З-ин гӯшаи беномунишоне, ки ту дорӣ.