Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шарифҷон Махдум Садри Зиё
Шарифҷон Махдум Садри Зиё

Карда афъии ду зулфат зи ясору зи ямин

Карда афъии ду зулфат зи ясору зи ямин Баҳри қатли мани бечора зи ҳар гӯша камин. Зулфи мушкини пур аз чини ту ишратгаҳи дил, Чашми махмури пур аз нози ту ғоратгари дин. Эй лабат лаълу рухат лолаву чашмат наргис, Рашки зулфу мижаву холу хатат оҳуи Чин. Вақти он аст ки хонӣ ба худам аз сари лутф, Ки зи ҳаҷри ту Зиё гашта басе зору ҳазин