Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шарифҷон Махдум Садри Зиё
Шарифҷон Махдум Садри Зиё

Дар бораи баёни ҳоли Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат

Ҷавони хирадманди некӯниҳод, Чу ӯ модари даҳр ҳаргиз назод. Ба кашфи румузу ба дарки умур Надида назираш синину шуҳур. Бинои суханрост рукни тамом, Яке содиқулқавл, Сиддиқ ном. Ба ҳайрат фурӯ рафта халқе аз ӯ Варо Ҳайрат омад лақаб баҳри ӯ. Аз ақрони ӯ кас нашуд дар ҷаҳон, Ки таслими ӯро набандад миён. Суханҳои ӯ баски шуд дилпазир, Ситоиш кунад ҳар касе ногузир. Варо сити шуҳрат чунон шуд тамом, Ки гардид мақбул бо хосу ом. Каманди хаёлаш чунон буд расо, Ки сайди маонӣ намешуд раҳо. Ба фикри расову ба табъи баланд Ба назми Сурайё фикандӣ каманд. Ба тарзи наве нуктапардоз шуд, Чу булбул адосанҷи ин роз шуд. Каломаш гули бӯстони сухан, Хаёлаш насими ҷинони сухан. Дури бебаҳо буду кони адаб Аз ӯ ҳайратовар Аҷам, ҳам Араб. Бад-он сон ки дар бадви рушду тамиз Намондаш зи фазлу ҳунар ҳеч чиз, Ки маншури идроки ӯ барнахонд, Надониста як чиз аз ӯ намонд. Дар ин асру овон ба мулки Бухор Ба хурдӣ нашуд кас бад-ин иқтидор, Ки дар назму наср аст соҳибҳунар. Зи ақсоми дигар ҳунар бохабар. Варо он қадар буд дасти сухан, Ки зулфи суханрост ӯ шоназан. Назокат бувад зодаи табъи ӯ Гулистони фикраш ҳаловатнумӯ. Забардасти майдони донишварӣ, Вале буд аз уҷбу нихват барӣ...