Дар тасвири ҳоли Ҳисор ҳангоми заминларзаи соли
Фиғон зи ранги зуҳури ҳаводиси офоқ
Назад ба рӯйи ҷаҳон ғайри нақши буғзу нифоқ.
Яке, аз ҷумла, аз он бин тазалзули айём
Ба ҳеҷ қарн нашуд дар бисоти ин итбоқ.
Ба рӯзи чордаҳуми моҳи рӯза, соли ғанам
Қариби соати нуҳ Ҳокими алалитлоқ
Ба ҳукми хеш заминро чӣ сахт ҷунбонид,
Зи зарби шиддати ӯ шуд ба кӯҳу дашт шиқоқ.
Ба чанд вақт заминро нашуд қарору сукун,
Зи қаҳри ҳазрати воҷиб ба ларза чун авроқ.
Ҳаводисе, ки ба мулки Ҳисор воқеъ шуд,
Надида модари гетиву чашми ҳафт равоқ.
Замони шиддати ҷунбиш зи шаш ҷиҳат чун раъд,
Садои қалъи ҷиболу замин тароқ-тароқ.
Зи инҳидоми иморот шуд ҷаҳон торик,
Гумон, ки сур дамиду зуҳур явма талоқ.
Зи қаҳри Эзади довар ба турфа ин маънӣ
Ба хок гашт баробар тамомии Қаратоқ.
Ҷамеи аҳли вилоят ба таҳти хок шуданд
Чӣ зан, чӣ марду чӣ кӯдак, чӣ соҳиби ахлоқ.
Магӯ, ки мазҳари қаҳр ин вилову дигар нест,
Зи тобеоти Ҳисор инчунин дусад қишлоқ,
Намонд ҳавсалаву хушк шуд қалам ин ҷо,
Чӣ гӯяму чӣ нависам, ки гашт тоқат тоқ!?
Нигаҳ дор, Худоё, аз ин балои азим,
Агарчи номасиёҳему соҳибистеҳқоқ.
Ба сад умед ба даргоҳат илтиҷо дорем,
Туйӣ раҳиму кариму соҳиби ишқоқ.
Ба лутфу марҳаматат сӯйи оҷизон бингар,
Ба ҷуз ту кист раҳонад зи вартаи эҳроқ!?
Зуҳури ҳоилаи ин ҳикояти ҷонкоҳ,
Биҷастам аз хиради нуктадон зи роҳи вифоқ.
Зи дуди занги ҳаводис ба сайқали тақдир,
Бигуфт «кун фаякун» шуд вилояти Қаротоқ.