Қасида дар шикоят
Дар ин ҷаҳони кудуратнишони афсунгар,
Дар ин замони нуҳусатъаёни дунпарвар
Чӣ ҷаврҳо ки накардаст бо ман ин гардун,
Чӣ зулмҳо ки накардаст бо ман ин ахтар.
Намуда пайкари ман махзани ҳазор озор
Намуда синаи ман миҷмари ҳазор озар.
Дили фигори маро кард чун қафас садчок,
Тани низори маро кард ҳамчу хас лоғар.
Ҳамеша дарду алам кард бо дилам мудғам,
Ҳамора ранҷу миҳан кард бо танам музмар.
Ба чорсӯи ҷаҳон дар чаҳор фасл сипеҳр
Кушод боби ғам аз шаш ҷиҳат, шудам шашдар.
На маҳраме, ки кунам ҳоли зори худ изҳор,
На ҳамдаме, ки сароям сухан, кунад бовар.
На мунисе, ки бипурсад зи сӯзи синаи ман
На мушфиқе, ки ниҳад дасти шафқатам бар сар.
Кадом хеш, ки андар танам назад сад неш,
Ку он табор, ки андар сарам назад ба табар?
Кадом хол ки холӣ бувад зи кинаи ман,
Кадом ам, ки бувад ғамзудои меҳровар?
Ба ҳеч гуна надидам ба ҷуз ҷафову ситам,
Аз он фариқ, ки буданд ходиму чокар.
Ба ҳеч рӯй надидам ба ғайри ҳузну малол,
Аз он гурӯҳ, ки хонӣ мутеъу фармонбар.