Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Зуфархон Ҷавҳарӣ
Зуфархон Ҷавҳарӣ

Баски аз вай нашавад ғайри ҷиноят зоҳир

Сар ба сар мардуми олам бувад аз вай безор. Чун ба номуси касон дасти палиди худ зад, Оқибат медиҳад ӯ сар, ба сари ин кирдор. Сад ҷаҳон дур бувад аз раҳи инсоният, Гарчи худро кунад аз зумраи инсон пиндор. Бар сари лашкараш оред ҳуҷум аз ғайрат, Пас бароред зи ҷонҳои тамоми-ш димор. З-ин чаман хайли сагонро зада берун созед, Ки ба гулшанкада сагро набувад ҳаргиз бор.