Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Зуфархон Ҷавҳарӣ
Зуфархон Ҷавҳарӣ

Бенишонӣ чидаем имрӯз дур аз офтоб

В-арна мо ҳам дастгоҳи зарраворе доштем. То нагардад домани табъе чу субҳ аз мо гарон, Нақди ҳуше чун зари холисиёре доштем. Хиҷлати мо буд арзи ташнагӣ пеши муҳит, Баски чун абри қаноат обёрӣ доштем. Гар тамошои ҳавас моро чаман моил накард, Аз дили хунгашта хуш ранги баҳоре доштем. Худгудозиҳо пурӣ минои моро буд бас, Назди ҳар хум аз хамидан мо ки оре доштем. Сайри гул кардему донистем хилватхонае, Анҷуманободи имкон дар каноре доштем.