Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Эй ҷафоҷӯ, андаке қалби маро тафреҳ кун,

Эй ҷафоҷӯ, андаке қалби маро тафреҳ кун, Дар машомам аз шамими турраат тарвеҳ кун. Эй камонабрӯ, ба тири ғамза афкандӣ маро, Сайди худ магзор бо ғайру накӯ ташреҳ кун. Ҳамчу ман имрӯз ҳар кас лофи ишқат мезанад, Нусхаи лавҳи дили ушшоқро тасҳеҳ кун. Дил ба иқди зулфи мушкинаш агар хоҳӣ гарав, Ин муамморо ба номи он парӣ тавшеҳ кун. Гар туро бошад таманнои ҳавои ишқи ӯ, Рав, иёри хешро аз муддао танқеҳ кун. Мушкилоти дарси ишқи ёр мехонӣ ҳаме, Асли мақсадро зи устоди ҷунун тавзеҳ кун. Субҳи матлаб орзу дорӣ магар аз васли ӯ? Шоми ҳиҷронро шумори донаи тасбеҳ кун! Эй ки хоҳӣ, обрӯи дину дунё ёфтан, Ҷуз сулуки ишқ дигар шеваро тасреҳ кун. Гар намехоҳӣ, ки гардад шуҳрати номат баланд, Бикри маъниро ба домоди сухан танкеҳ кун. Гарчи набвад бар дарат ушшоқ дар силки сагон, Туғрали ошуфтаро аз дигарон тарҷеҳ кун.