Дар ғами ишқи ту охир нотавон хоҳам шудан,
Дар ғами ишқи ту охир нотавон хоҳам шудан,
Оқибат дар хок чун тири камон хоҳам шудан.
Ошиқонро хоксорӣ рутбаи озодагист,
Зери пои тавсанат чун парниён хоҳам шудан.
Во макун беҷо матои зулм дар дуккони даҳр,
Нақди савдои туро ман корвон хоҳам шудан.
Он қадар ман дар хаёли шавқат аз худ рафтаам,
Бо хаданги нози ту санги нишон хоҳам шудан!
Қолаби афсурдаам дар роҳат охир хок шуд,
Зери поят гар заминам, осмон хоҳам шудан!
Шукри он давлат, ки эй абрӯкамон, аз ростӣ
Бо хаданги нози ту санги нишон хоҳам шудан.
Зарраосо пеши хуршеди рухи зебои ту
З-инфиоли нокасиҳо бенишон хоҳам шудан.
Гарчи дар кӯят намеоям ба силки ошиқон,
Чун сагон андар ҳаримат посбон хоҳам шудан.
Ҷои он дорад, ки, Туғрал, фазлро бошад ривоҷ,
Як қалам ҳамчун алиф дар қалби ҷон хоҳам шудан.