Ҳаловат дар дилам аз ишқи ҷонон,
Ҳаловат дар дилам аз ишқи ҷонон,
Зи васлаш гаштаам чун ғунча хандон.
Ба сар аз ишқи ӯ сад шӯру ғавғо,
Ба дил аз меҳри ӯ сиррест пинҳон.
Бувад аз ханҷари мижгони нозаш
Ҳазорон рахна андар дину имон.
Яму қулзум шавад пайдо ба олам,
Бисозам гиря чун абри баҳорон.
Чӣ хуш бошад, шавад васлаш муяссар,
Суханҳо гӯям аз ҳар боб чандон.
Ибо нокарда аз лаълаш ситонам,
Иҷозат гар диҳад, бӯсе ба дандон.
Наям аз ошиқони бемурувват,
Ки рӯбам хоки роҳашро ба мижгон.
Мабодо хоре андар раҳгузораш
Зи мижгон афтаду набвад адаб он.
Занам обе ба роҳи ӯ зи дида,
Ки биншинад зи по гардаш бад-ин сон.
Ғуломи ҳалқабаргӯш аст Туғрал,
Биҷӯяд васли ҷонон аз дилу ҷон.