Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Надонам, нашъа аз паймонаи чашми кӣ дар ҷомам,

Надонам, нашъа аз паймонаи чашми кӣ дар ҷомам, Занад барҳам дами субҳи нишотам зулмати шомам. Ба девони хаёлам нест ғайр аз абҷади ишқаш, Зи нақши ин нигин бошад баланд овозаи номам. Гули табъам шукуфта аз насими нуктасанҷиҳо, Саропо дам занад аз пухтамағзӣ меваи хомам. Тапидам, нола кардам, сӯхтам, бо хеш печидам, Ба мавҷи беқарорӣ нохудо гардид оромам. Ҳусули муддао дар чеҳраи даҳр аст нопайдо, Ба ҷои шаҳд шуд ҳанзал насиб аз даври айёмам! Майи шодӣ ба ҳар кас қисмат аз рӯзи азал бошад, Нашуд аз соқии даври фалак як ҷуръа дар комам. Куҷо ояд маро, Туғрал, ба хотир ҷаннату ҳураш, Ки ҳамчун ҳола имшаб ман ҳамоғӯши маҳи томам?!