Нашъа аз майхонаи таҳқиқ мехоҳад дилам,
Нашъа аз майхонаи таҳқиқ мехоҳад дилам,
То зи қайди ҳалқаи зулфи маҷозӣ бигсалам.
Нардбони боми матлаб поя ҷуз ҳиммат надошт,
Шоми навмедӣ зи субҳи муддао омад ба дам.
Рангомези гулистони тавассул шуд ҳаё,
Ғайри ӯ чашмак чу наргис бар рухи дигар задам.
Боли парвози сабукрӯҳӣ надорад ҷуз фано,
Ошён гирад ҳумои матлаб аз авҷи адам.
Сиккаи номи бузургӣ ҷуз ба муҳри хомушӣ
Кай занад доно ба сими қалб ғайр аз ин дирам?
Нақши Беҳзод аст тасвире, ки дар дил бастаем,
Ҳайрати ойинаро тимсоли мо бошад рақам.
Завқи оғӯши тапишҳо ҳамчу мӯ дар оташ аст,
Сӯхтам аз нола, то гаштам чу нол андар қалам.
Аз парешонӣ ба дил ҷамъияте дорам чу гул,
Танг омад пираҳан, ин ҷома бар тан медарам.
Доғи дил чун лола сомони фанотамҳид шуд,
Сабзаи ин боғ, Туғрал, аз хазон дорад ситам.