Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Надонам, шамъи рухсори кӣ равшан шуд зи омолам,

Надонам, шамъи рухсори кӣ равшан шуд зи омолам, Ки чун парвона сарфи сӯхтанҳо шуд пару болам. Агар сад раҳ китоби ишқро хонӣ, намеёбӣ Ба ҷуз шарҳи ҷунун аз нусхаи девони аъмолам. Ба ёди иди васлаш салхи моҳи ман шавад бадре, Ғуруророи айшам, ғурраи айёми шавволам. Китоби мушкилоти ишқи ман наҳви дигар бошад, Намефаҳмад ба ҷуз Маҷнун дигар кас шарҳи аҳволам. Ман аз бори заифӣ он қадар гардидаам лоғар, Ту пиндорӣ, ки сармашқи садои нолаву нолам. Надорад гашти роҳат муҳраи нарди бисоти ман, Нишони саъд ҳаргиз нест андар қуръаи фолам. Фусуни толеъам аз шоми навмедӣ асар дорад, Надомат гул кунад аз шӯхию найранги омолам. Ба ҳайрат ғӯта хӯрдам аз тамошои ҷамоли ӯ, Ки чун ойина аз наззораи рухсори ӯ лолам. Таназзул аз тариқи равнақи бахтам нагун созад, Ба ҷуз идбор набвад ҳосили сомони иқболам. Асое бар кафам имрӯз аз чӯби камон бояд, Ки ман дар зери бори ишқи ӯ хамгашта чун долам. Чӣ хуш гуфта-ст, Туғрал, шоҳи авранги сухан Бедил: «Димоғи шуҳрати анқо надорад резиши болам».