Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Гирифтори каманди он хами зулфи буногӯшам,

Гирифтори каманди он хами зулфи буногӯшам, Ҳубобосо ба савдои хаёлаш хонабардӯшам. Адибо, бо ман аз дарси хирад дигар магӯ ҳарфе, Чу Маҷнун дар хаёли турраи Лайлӣ бувад ҳушам. Намехоҳам ба ғайр аз давлати дидори васли ӯ, Агар фарзанди хуршеди фалак ояд дар оғӯшам! Маро аз зиндагӣ беҳтар, ки мурдан дар таманнояш, Агар дар ҷоми Ҷам оби ҳаёт ояд, наменӯшам! Ҳамин шуд сарнавишти қисмати рӯзи азал бо ман, Қазо аз ҳалқае доғи ғуломӣ кард дар гӯшам! Набошад дархури ман ҳеч лофи нағмаи шавқаш, Зи ташвири ҳароратҳои ишқи ёр дар ҷӯшам. Хушо дар пайкари ман кисвати хоки дараш, Туғрал, Ба ҷои пираҳан ҷуз ӯ зи олам чашм мепӯшам!