Чу май аз оташи шавқи висоли ёр дар ҷӯшам,
Чу май аз оташи шавқи висоли ёр дар ҷӯшам,
Ба сад мизроб метозад фиғонам, лек хомӯшам.
Агарчанде ки чун сарвам дар ин гулшан ба озодӣ,
Ғуломи ҳимматам, ҷуз ҳалқаи ӯ нест дар гӯшам.
Хамӯшӣ шуд насиб аз қисмати ҷоми азал бо ман,
Чу мино нашъае дорам, валекин панбадаргӯшам.
Зи дасти хеш то додам инони сабру тоқатро,
Ба ёди пойбӯсаш рафта аз ман пештар ҳушам!
Аз он рӯзе, ки ҷонам шуд нишони новаки тираш,
Зи бори ишқи ӯ хам гашта монанди камон дӯшам.
Таҷаррудмашрабам, осуда андар бистари роҳат,
Ба ғайр аз шоҳиди маънӣ намебошад дар оғӯшам.
Ғариқи луҷҷаи ишқам, чӣ мепурсӣ зи аҳволам?
Ватан дар ҷайби худ дорам, ҳубоби хонабардӯшам.
Намебошад либосе дар бари ман ғайри урёнӣ,
Надорам кисвати дигар, зи олам чашм мепӯшам,
Барад ҳуш аз сарам, Туғрал, хамин як мисраи Бедил:
«Ҷаҳон таъбир буд он ҷо, ки ман хоби фаромӯшам».