Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Ҳар гаҳ зи ноз хандад он ҷавҳари табассум,

Ҳар гаҳ зи ноз хандад он ҷавҳари табассум, Ғайр аз шакар наҷӯшад аз Кавсари табассум. Чун хок дод бар бод ӯ оташи қарорам, Хунам чу об резад аз ханҷари табассум. Ҷонам агарчи набвад ширин зи шаҳди васлаш, Бошад ҳаловати дил аз шаккари табассум. Бедод рафта бо ман аз лашкари тағофул, Даъвои ишқ дорам бо маҳзари табассум. Имрӯз кас нахонад дар маъбади ҷамолаш Ҷуз хутбаи талаттуф бар бистари табассум. Дар музди мақдами ӯ ҷон туҳфа менамоям, Пайғоми васл орад гар чокари табассум. Хондему гашт равшан мазмуни хатти лаълаш, Ҷуз Хизр нест дигар пайғамбари табассум. Дар ҳалқаи тағофул гар маркази итоб аст, Дар базми ноз бошад сардафтари табассум. Дар пеши хандаи ӯ дурри Адан чӣ бошад? Лаълаш кашида ёқут аз ахгари табассум. То чанд менамоӣ такрор дарси нозаш? Афсона мухтасар кун бо дилбари табассум. Чун муҷримон бигӯям сад шарҳи қиссаи ғам, Гар ҳоли мо бипурсанд дар маҳшари табассум. Дар чини ҷабҳа то кай, эй раҳзанони ишрат, Берун равед акнун аз кишвари табассум! Сад офарин ба Бедил, к-аш гуфтааст, Туғрал: «Ё Раб, мабод теғаш чун ҷавҳари табассум!»