Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Эй ниҳоли қоматат нахли гулистони Ирам,

Эй ниҳоли қоматат нахли гулистони Ирам, Сарви озодат аз он рӯ шуд ба озодӣ алам. Килки тақдир аз хати райҳон ба райҳони хатат Насхи таълиқи вафоро кард бар лаълат рақам. Тоири наззораи ушшоқ бар гирди сарат Ҳамчу афвоҷи кабӯтар бар лаби боми Ҳарам. Монии Чин гар бибинад нақши матбӯи туро, Сурати хубони олам маҳв созад як қалам. Ҳаст ин маънӣ маро равшан, ки монанди ту нест, Чун ту маъшуқи паризоде бувад бисёр кам! Турфа сайёдест чашмони ту, ҳар дам мекунад Аз хадангаш сояи мижгони нози хеш рам. Мушк аз ҳасрат ба нофи оҳуи Чин чун шавад, Гар сабо зулфи туро ошуфта созад субҳдам. Толеъи баргаштае дорам, ки Туғрал, дар ҷаҳон Субҳи иқболе надидам ҳеч ғайр аз шоми ғам!