Ваҳ, ки маҳрам дар ҳаримаш ғайру ман андар дарам,
Ваҳ, ки маҳрам дар ҳаримаш ғайру ман андар дарам,
Шеваи дилбар гар ин аст, чун аз ин дилбар барам?
Дар мақоми васл бонги бемаҳал дорад рақиб,
Мекунад гӯши хирадро савти ин анкар карам.
Дар раҳи ишқи ту гаштам подшоҳи ошиқон,
Маснади ғам тахтгоҳам, чеҳраи асфар фарам.
Дар таманнои ғубори нақши поят хок беҳ,
Ёбад аз зилли ҳумои давлат ар афсар сарам.
Аз ҳуҷуми доғи ишқат шуд дилам оташнасаб,
Чун самандар хӯ ба оташ гир, з-ин миҷмар марам.
Он қадар ҷамъияти шавқат сиришк эҷод кард,
Аз ҳуҷуми ашки ҳасрат гашт то бистар тарам.
Туғрал, аз қайди сари зулфаш куҷо хоҳам расид,
То абад дар бӯтаи ғам созад ӯ ахгар гарам?!