Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Навбаҳорэҷодам, равнақи ҳамал дорам,

Навбаҳорэҷодам, равнақи ҳамал дорам, Ҳамчу гулбуни маънӣ ғунча дар бағал дорам. Дода то маро рухсат муршиди хароботам, Ғайри миллати ушшоқ кай ғами милал дорам?! Зулфи ӯ намегардад монеъи ҷунуни ман, Ҳамчу шамъи базми васл оҳи бемаҳал дорам. Поймоли дунонам гар зи пастии толеъ, Аз баландии ҳиммат маснади Зуҳал дорам. Хондаам китоби ғам дар сулуки маҷнунӣ, Омили ҷунунам, лек вазъи беамал дорам. То ба кай зи нодонӣ мебарӣ ҳасад бо ман? Ин ҳама сухандонӣ қисмат аз азал дорам! Фаҳми маъниям дорад қадру шакли устурлоб, Ҳандасӣ агар хонам, ҳарфе аз ҷумал дорам. Гардиши фалак акнун гар маро диҳад фурсат, Нусхаҳо ҳамесозам, бим аз аҷал дорам. Дар сухан намебошад дигаре назири ман, Ғайри ҳазрати Бедил ман куҷо бадал дорам?! Маҳви ҳайратам, Туғрал, ман зи мисраи Бедил: «Бе ту зиндаам, яъне, марги беаҷал дорам!»