Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Шаҳодатбисмилам аз як нигоҳи чашми мастасташ,

Шаҳодатбисмилам аз як нигоҳи чашми мастасташ, Аҷал дар хотирам н-ояд зи лаъли майпарастасташ. Муҳити кулфати ғамро дилам з-он рӯ шуда моҳӣ, Ки то берун кашад з-он баҳри ғам он маҳ ба шастасташ. Сари таслим хубонро ба пои ӯ аз он бошад, Ки андар сар бувад ӯро кулоҳи каҷшикастасташ. Аз ӯ хоҳам кушоди мушкили бахти сиёҳи худ, Ки бошад бастану бикшодани дилҳо ба дастасташ. Ливои нозанинӣ аз ҳама боло зада ҳуснаш, Аз он рӯзе, ки андар маснади хубӣ нишастасташ. Дилам ҳамчун сипанд аз оташи ишқаш ҳамесӯзад, Зи хомӯшӣ вале як раҳ аз ин миҷмар наҷастасташ. Яке сар кай бувад холӣ зи савдои хаёли ӯ? Зи доми ҳалқаи гесӯи ӯ як дил нарастасташ! Назокат чокари сарви қади шамшоди ӯ гашта, Пайи тороҷи дилҳо дар камар то баҳла бастасташ. Чаманро боғбон зинат фузуд аз баҳри ташрифат, Фидои мақдами неки ту созад, ҳар чӣ ҳастасташ. Агарчи субҳ зад дам аз дами субҳи буногӯшат, Синони найзаи хуршед ӯро сина хастасташ. Ниҳоли боғи табъам, Туғрал, аз хуршед бар дорад, Ба гулчинӣ дар ин гулшан ба ҳар қобил раҳ астасташ.