Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Бинои ишқ гарат ҳаст, хонавайрон бош,

Бинои ишқ гарат ҳаст, хонавайрон бош, Навои сози фироқат бувад, найистон бош. Агар зи моидаи умр лаззате хоҳӣ, Ду рӯз бар сари ин хони ғам ту меҳмон бош. Зи коргоҳи ҷаҳон кор агар ҳамеҷӯӣ, Ба ғайри ишқ зи кори ҷаҳон пушаймон бош. На з-эътибор тиҳӣ ҳаст гиряи шабнам, Гуҳар шудан натавонӣ агар ту, найсон бош. Кушоду басти карам маънии дигар дорад, Мабош чашми хасисону дасти эҳсон бош. Шарар ба хирмани ҳастӣ бизан чу парвона, Бисоти хеш агар сӯхтӣ, чароғон бош. Фусуни ҳалқаи мори сияҳ бувад найранг, Хаёли гардиши зулфаш куну парешон бош. Мабош маркази ҷамъияти адаб чу хирад, Зи ҳамнишинии ин мардумон гурезон бош. Ба сурати рухи ӯ нест шоҳиди дигар, Қасам ба ҷавҳари ойина, сахт ҳайрон бош! Фусурдагист чу ойина ҷавҳари ишқат, Чу зоҳид аз нафаси хештан зимистон бош. Зи рамзи маънии Бедил ба ҳайратам, Туғрал: «Ба ҳусни маънии куфр обрӯи имон бош».