Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Гар зиён зоҳир намоӣ, дар хаёли суд бош,

Гар зиён зоҳир намоӣ, дар хаёли суд бош, Яъс то кай? Бар умеди чеҳраи мақсуд бош! Бе нишони тири шуҳрат чанд, эй нанги адам, Як асар бигзору андар олами мавҷуд бош! Аз фурӯғи шавқ зан бар миҷмари дил оташе, Бар димоғи аҳли олам чун шамими уд бош. То тавонӣ, маркази ин ҳалқаи таслим шав, Шуълаи шавқи муҳаббат гар набошӣ, дуд бош! Шоҳиди ҳар кас ба қадри даъвии ишқи худ аст, Гар тамошои Аёзаш мекунӣ, Маҳмуд бош! Чанд бошӣ дар ҳавои буду нобуди ҷаҳон? Эътиборе нест андар буди ӯ, нобуд бош. Барфишон бар мазраи дил донаи ашки умед, Чун саҳоби тира яксар дар хаёли ҷуд бош! Ғофил аз дарси адаб, лофи муҳаббат то ба кай?! Маҳрами асрори ишқаш нестӣ, мардуд бош! Ҳаст ташвиши ту аз тазъифи таснифи амал, Аз ғами бешу ками олам гузар, хушнуд бош! Баски дорад нағмаи ушшоқ мизроби дигар, Тору пуди риштаҳои пардаи ин руд бош! Ҳаббазо, аз мисраи Бедил, ки, Туғрал, гуфтааст: «Эй зи фурсат бехабар, дар ҳар чӣ бошӣ, зуд бош!»