Зи хуни дидаи ман номае ба ёр навис,
Зи хуни дидаи ман номае ба ёр навис,
Ба ҷои муҳр, ки омад, ту интизор навис.
Сухан зи зулфи дарозаш агар кунӣ кӯтаҳ,
Ҳадиси турраи ӯро ба пушти мор навис.
Чу ман ба дафтари ҳуснаш турост майли рақам,
Расидӣ бар рухи ӯ, навбати баҳор навис.
Агар ба васфи рухаш рафт навбати таҳрир,
Саводи нусхаи ӯ аз хати ғубор навис!
Фасонаҳои сиришкам ба хатти ёқутӣ
Ба сафҳае, ки нависӣ, ба оби нор навис.
Қалам ба ҳарфи муҳаббат зи оҳи булбул кун,
Яке ҳикояти ушшоқ аз ҳазор навис.
Агар нависӣ ту хатте ба сӯи ёр аз ман,
Ҳамин қадар, ки «зи ишқи ту шармсор навис».
Ту ҳақшиносии таърихи рояти Мансур
Ба ҳар куҷо, ки нависӣ, ба чӯби дор навис.
Хушо, зи мисраи султони маърифат, Туғрал:
«Ба ҷои ҳар алиф ангушти зинҳор навис».