Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Меравам аз хеш ҳар соат зи дунболи нафас,

Меравам аз хеш ҳар соат зи дунболи нафас, Маҳмили моро бувад сози шикасти дил ҷарас. Метавон имрӯз будан фарши пои офтоб, Шабравони роҳро чун соя набвад бими кас. То набошӣ раҳнаварди водии дашти адам, Кай расӣ дар ҷодаи иқболи ин боли фарас?! Бе фано ҳосил нагардад давлати дидори ӯ, Кас чӣ сон созад таманнои висоли ӯ ҳавас?! Пухтагонро кай бувад аз суҳбати дунон гузир, Шуъларо бисёр бошад эҳтиёҷи хору хас! Коргоҳи боғи имконро бувад найрангҳо, Зоғ дар саҳрову булбул гашта маҳбуси қафас. Хонаи дилро ту аз занги кудурат соф кун, Мешавад ойина ин ҷо тира аз ҷӯши нафас. Ҳар киро бошад ба қадри машраби худ ҷодае, Кай бувад фили дамонро тоби як гашти фарас?! Ашк дар роҳи талаб бошад далели муддао, Коғази абрӣ бувад ойини ишқи булҳавас. Дил ба дуздӣ меравад имшаб ба ҷаъди зулфи ӯ, Кай бувад айёрро андешаи чӯби асас?! Туғрал, аз забти нафас фоли саодат мезанам, Бар сари мурғи сухан боли ҳумо бошад қафас.