Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Зи худ чандон фаромӯшам, ки н-оям ҳеч дар ёдаш,

Зи худ чандон фаромӯшам, ки н-оям ҳеч дар ёдаш, Агарчи ҳамчу булбул рӯзу шаб бошам ба фарёдаш. Дар ин гулшан, надонам, оташи шавқи кӣ боло шуд, Ки қумрӣ шуд чу хокистар ба ёди сарви озодаш. Бувад таъзими якрангӣ ба ҳам улфатпарастонро, Сари машшота мебошад ба пои нахли шамшодаш. Ба ёди сурати чашмаш шудам чун сурма аз ҳайрат, Магар шуд мӯи чинӣ хомаи ангушти Беҳзодаш?! Зи ҷӯши ҷилва нахли қоматаш аз бод мерақсад, Ба саҳни боғ чун сарве, ки ҳар сӯ афканад бодаш. Сафед аз интизори Кӯҳкан шуд чашми навмедӣ, Ки ҷӯи шир кай гардад зи Ширин коми Фарҳодаш. Навои нолаи булбул агар бар осмон сояд, Ба гӯши ранги гул ҳаргиз наёяд сози фарёдаш. Нигоҳ аз дидани рӯят зи ҳайрат машрабе дорад, Нигар, аз ҷавҳари ойина шуд сармашқи устодаш. Ба қуллоби ҳавас то чанд оҳуи сухан гирӣ?! Ғизоли мо канад доми умед аз чашми сайёдаш! Раҳоӣ нест аз доми аҷал, азбас намебошад Шикасти байзаи фӯлод андар банди озодаш. Хушо, Туғрал, зи мазмуни ҷаноби ҳазрати Бедил, «Ки улфат оламеро доғ кард, оташ ба бунёдаш!»