Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Бас аст ойинаро кулфати ғубори нафас,

Бас аст ойинаро кулфати ғубори нафас, Ки ғайри ваҳм начинад гул аз баҳори нафас. Зи сози пардаи ҳастӣ ҳамерасад овоз, Ки нест риштаи умри ту ғайри тори нафас. Ҳусули мазраъи омол хирмани яъс аст, Ба ним ҳабба намеарзад эътибори нафас. Ба қасри умри ту ҳар дам аҷиб меъморест, Ки поя-поя ба зер омад аз шумори нафас. Сафои сайқали ойина мешавад тира, Агар фитад зи қазо сӯи ӯ гузори нафас. Дурӯза фурсати айём, зиндаӣ, хуш бош, Ки чашми умри ту бошад дар интизори нафас. Нигар ба маҳмили ин корвони ваҳму хаёл, Ки ғайри ҳеч набошад дигар ба бори нафас. Барои хирмани исён, ки бод хокистар, Фурӯз, мардӣ агар, оташ аз шарори нафас! Гузар кун аз сари дунёву гирудори ӯ, Ки доругир набошад ба гирудори нафас. Ту софтинатӣ, магзар ба сӯи тирадилон, Ки нест ойинаро роҳ бар фирори нафас. Қазо зи кӯҳ кунад хонаи вуҷуди туро, Чу мавҷ кай бувадаш як даме қарори нафас? Халос мешавӣ аз мавҷи қулзуми ҳастӣ, Расид киштии умри ту дар канори нафас. Чу соя меҳри тараққӣ туро бувад душман, Ки нест ғайри таназзул дигар ба кори нафас. Нишони мисраи чун тири Бедилам, Туғрал: «Сухан зи файзи тааммул шавад шикори нафас».