Эй орази гулгуни ту аз бода гуҳаррез,
Эй орази гулгуни ту аз бода гуҳаррез,
Шамшери ҷафои ту бувад бар сари ман тез.
Абрӯи ту хам гашта-ст аз бори тағофул,
Аз бодаи ноз аст қадаҳи чашми ту лабрез.
Дар пеши ғамат тавсани умрам бувад акнун
Монандаи хинге, ки кашад заҳмати маҳмез.
Ҳар равзанаи синаи деҳқони муҳаббат
Гардида зи шавқи ту чу ғирбол шарарбез.
Эй дил, агарат орзуи айши давом аст,
Навъе куну бар домани он зулф биёвез!
Вақт аст, ки осон надиҳӣ доманаш аз каф
Имрӯз, ки як Шамси дигар нест ба Табрез.
Зинҳор, адаб пеша намо, бин, ки чиҳо дид,
Аз номаи пайғамбари мо Хусрави Парвиз!
Ғафлат нашавад бадрақаи роҳи умедат,
То чанд чу махмал? Ту аз ин хоби гарон хез!
Ин водии ишқ аст, пур аз шебу фароз аст,
Ошиқ наӣ албата, аз ин бодия бигрез!
Шуд дофеъи савдои ту то чини ҷабинаш,
Сафрот фузун аст, ту аз сирка мапарҳез!
Туғрал, шудам ошуфтаи ин мисраи Бедил:
«Эй хоки бахунхуфта, ғубори дигар ангез!»