Аз табассум лаъли ӯ чун ғунча хандон асту бас,
Аз табассум лаъли ӯ чун ғунча хандон асту бас,
Бар ҷароҳатҳои қалбам як намакдон асту бас.
Гар набошад муддао арзи ниёзи хештан,
Аз арақ бар рӯи соҳил мавҷи тӯфон асту бас.
Туҳфаи дигар надорам дархури арзи адаб,
Пешкаш дар пеши теғаш ҷавҳари ҷон асту бас.
Сад китоби ҳикмати дарси ҷунунро хондаем,
Як ҷаҳон девон, вале як байти вайрон асту бас.
Нусхаҳои ҷавҳари теғаш намедонам, вале
Он қадар донам, ки ӯ як мадди эҳсон асту бас.
Гарчи мерезад ба хоки ҳар даре сад оби рӯ,
Муддаои сойил аз ибром як нон асту бас.
Зулмати зулфаш, ки, ё Раб, хатти Искандар мабод,
Дар хаёлободи ҳастӣ як шабистон асту бас.
Дам ба дам мавҷи ҳаё гул мекунад аз рӯи ӯ,
К-аз арақ бар оразаш ҷӯши гулистон асту бас.
Туғрал, аз зеру бами ишқаш маро маълум шуд,
Бар дилам аз нолаҳояш як найистон асту бас!