Туӣ, ки нест ба хубӣ туро ба мулк назир,
Туӣ, ки нест ба хубӣ туро ба мулк назир,
Ғуломи камтари даргоҳат офтоби мунир.
Чу фикри аҳли хирад новаки ту сахт расост,
Ки шуд зи боли уқоби хаёли ман пуртир.
Гузаштӣ дар чаману шуд зи турраат мамлу
Қумоши маҳмили боди сабо зи бӯи абир.
Ғубори хатти ҷунунам хати ғубори ту шуд,
Хушам ба машқи таманнои сархати тақдир.
Сиришт тинати ушшоқро ба рӯзи азал
Зи обу хоки ҳаводис намудаанд тахмир.
Қиёми шамъи вафо гар ҳамин бувад, набувад
Ба марги ошиқи парвона фурсати такбир.
Ғамаш зи бас маҳаки имтиҳони ушшоқ аст,
Иёри ишқ надорад умед аз иксир.
Ба рӯзи иди висолаш ту дида қурбон кун,
Чу шона чанд намоӣ ба зулфи ӯ шабгир?
Шудам ба роҳи вафо бисмили таманнояш,
Ки маҳрами кафи пояш шавам бад-ин тадбир.
Ба базми васл зи нақши ҳуҷуми ҳайрати ӯ
Бурун нагашт нигоҳам чу дидаи тасвир.
Каманди ҳалқаи зулфаш агар чунин бошад,
Чу ҳуш бар асари дом меравад нахчир.
Шабе ба сафҳа навиштам ҳикояти ҳиҷрон,
Ҳанӯз кам нашуд аз хомаам садои сафир.
Муроди дунйиву уқбӣ агар ҳавас дорӣ,
Гузар кун аз ҳама, чун зулф домани ӯ гир!
Наям ба фарши хиромаш чу бӯрё, лекин
Расад ба гӯши фалак нолаам зи нақши ҳасир.
Чӣ хуб мисраи мавзуни Бедил, эй Туғрал:
«Нигаҳ ба сайри ҷабини ту мавҷи соғари шир!»