Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Зи ҳаҷр ба пои тамошо нигоҳи ту занҷир,

Зи ҳаҷр ба пои тамошо нигоҳи ту занҷир, Зи шоми зулфи ту субҳи умед домангир! Бунафш рози ғамат шуд натиҷа мӯи сафед, Нарафта аз даҳани ӯ ҳанӯз бӯи шир. Нигоҳи дидаи маҳмил, ки фарши таслим аст, Ба ҳайратам, ки чӣ бошад ба хоби ӯ таъбир?! Ҳалол бод ба шамшери абруяш хунам, Агар кунам сари мӯе ба ҳурматаш тақсир! Магар навишта баротам ба ғозаи саҳарӣ, Ки шуд ба рӯзи ҷавонӣ шаби умедам пир?! Ба сад умед, ки бигрифтӣ домани васлаш, Мадеҳ зи даст, ту коре куну ба пояш мир! Расонд боди сабо қиссаи шамими хатат, Намонд бӯи хуши займарон дигар ба замир! Хироми ройизи килкам расад ба байти шараф, Ба ёди қадди ту гар мисрае кунам таҳрир. Чу ганҷ кай бувадам тоби миннати меъмор, Ки нест ғайри харобӣ ба қаср бо таъмир! Шунид ғунча ба боғ аз ҳикояти суханат, Шуд аз ҳадиси даҳони ту дар чаман дилгир. Шуд аз баҳори тамошои гулшани рӯят Нигоҳи дидаи қурбониён чамантасхир. Хушо зи мисраи Бедил, ки гуфтааст, Туғрал, «На ғунча офқибатафсун, на ҷон бақотаъсир!»