Зибаски гаштаам аз шаҳди васли ӯ маҳҷур,
Зибаски гаштаам аз шаҳди васли ӯ маҳҷур,
Мушаббак аст дили ман чу хонаи занбӯр.
Ба роҳи ишқ агарчи зи нокасӣ хечам,
Нагашт сурма ғуборам вале ба дидаи мӯр.
Ту шукри ҳаҷр намо, баски ёр чун анқост,
Ки нест бар сари кӯяш расиданат мақдур,
Шавад хафои ҳадиси ҳақиқатат равшан
Ба пойи дор зи меъроҷи рояти Мансур.
Барои забти инони адаб саре бояд,
Ки фитназост ба майхона духтари ангур.
Мубарҳан аст ба ҳар зарра ҷилваи дидор,
Чӣ меравӣ ба хаёле ба сӯйи водии Тур?
Ба ёди чашми қадаҳ бодаи ҳавас резад
Шикасти соғари хамёза аз лаби махмур.
Адиби ишқ ҳамоно, ки аз хирад дур аст,
Ки ошиқон ҳама бошанд барӣ зи ақлу шуур.
Зи мӯйи косаи чинӣ туро қалам бояд,
Ба сафҳае, ки нависӣ ҳикояти фағфур.
Мадеҳ зи даст ту чун соя хоксориро,
Ки нест ғояти ушшоқ ғайри аҷзу қусур.
Намекашем дигар бор миннати меъмор,
Шуда-ст хонаи дил аз хаёли ӯ маъмур.
Сабо расонд ба наздикии саҳар дар боғ
Шамими турраат андар машоми ман аз дур.
Тулӯъи орази ту бар дилам чу рӯзи сафед,
Хаёли зулфи ту бар хотирам шаби дайҷур.
Худойро суйи Маҷнун гузар кун, эй Лайлӣ,
Ба ғайри рӯи ту набвад ба чашми ӯ манзур.
Ғуломи мисраи султони Бедилам, Туғрал,
«На ҷоми бода шиносам, на косаи танбӯр!»