Эй хироми нози ту чун ҷилваи товуси нар,
Эй хироми нози ту чун ҷилваи товуси нар,
Тойири наззораро андар ҳавоят болу пар.
Гарчи шуд маҳв аз сиришкам нусхаҳои ғам, вале
Гашта бар лавҳи дилам хатти ту нақши калҳаҷар.
Ҷуз ба фармони ту набвад ранги нофармониям,
Бишкуфад гар аз лаби дарёи ашкам нилуфар.
Дар китоби ғам варақгардонии айём нест,
Кай расад дар хотири Маҷнун ғами шому саҳар?!
Ошиқ он бошад, ки ҳар сӯ дидаи худ во кунад,
Сурати ёраш бувад чун мардумак мадди назар.
Нест дар ҷӯши талотум нохудо ғайр аз Худо,
Киштии мо гар фитад сад бор дар мавҷи хатар.
Аз арақ тамҳиди гавҳар кардаам, то кардаам
Орзуи меҳри ӯ аз шабнами ин чашми тар.
Дар пайи шаҳди висолаш заҳри ҳиҷрон тавъам аст,
Ангубинаш баски ҷои нӯш дорад нештар.
Баски дорад гӯши ӯ бо нолаи ман улфате,
Ҳар қадар кам бошад афғонам, ҷафояш бештар.
Нест аз боғи таманно ҳосиле сомони ман,
Оқибат нахли муродам дод навмедӣ самар.
Фаҳм кун аз шарҳи тамкин, баски дарси хомушӣ
Маъние дорад, ки ҳаргиз нашнавад ҷуз гӯши кар.
Беди Маҷнун кай шавад аз тарбият чун норван?
Табъи мавзун нест асло бо кас аз ирси падар.
Ҳаббазо, аз мисраи Бедил, ки, Туғрал, гуфтааст:
«Дар гиребони тааммул қатраҳо дорад гуҳар».