Қоматам хам гашт охир аз ғами болои ноз,
Қоматам хам гашт охир аз ғами болои ноз,
Як сари мӯ кам мабодо аз сарам савдои ноз!
Ин чӣ сомон аст, ё Раб, дар ғурурободи ҳусн,
Ҳар сари мӯи ту бошад ноз бар болои ноз?!
Дар чаман гар сарви ӯ аз ноз гардад ҷилвагар,
Бишканад қадри санавбар аз қади зебои ноз.
Гарчи бошад рухсати наззора бар рӯяш, вале
Соғари чашмаш бувад лабрез аз саҳбои ноз.
Баски ойини нигоҳаш бо тағофул тавъам аст,
Хуфта, гӯё наргисаш бар бистари дебои ноз.
Рояти Мансури ҳуснаш гар бибардорад алам,
Бигзаронад аз фалак аз ҳиммати волои ноз.
Гар шавад бозори имкон пур зи ҷӯши муштарӣ,
Нест андар чорсӯи ҳусн ҷуз савдои ноз.
Пеши устоди муҳаббат дар сулуки ошиқӣ
Хондаӣ дарси тағофул, лек сар то пои ноз.
Интиҳои кори мо охир чиҳо хоҳад шудан,
Ин бувад гар ибтидои бениёзиҳои ноз?
Гар ҳамин бошад сулуки ишва, натвон ёфтан
Аз бисоти ҳусни ӯ як зарра холӣ ҷои ноз!
Офарин, Туғрал, бар ин як мисраи баҳри сухан:
«Чини абрӯ шуд табассум бар лаби гӯёи ноз».