Ҳар куҷо гар гирдбоде ҳалқа месозад ғубор,
Ҳар куҷо гар гирдбоде ҳалқа месозад ғубор,
Ҳалқаҳои доми уммед аст чашми интизор.
Меравад дил аз барам ҳар дам ба ёди ҷилвааш
В-аз хиромаш нест дар дастам инони ихтиёр.
Бохтам бо оби ҳайвон ман ба лаъли ӯ гарав,
То шавад равшан ҷафои ин сухан аз лаъли ёр.
Мегудозад ҳамчу равған шамъи рухсораш дилам,
Мекашад гар набзи зулфаш равған аз дуди шарор.
Рӯзи васл аст, эй нигаҳ, гир аз рухи ӯ лаззате,
То ки дар айёми ҳиҷронат туро ояд ба кор!
Донаи тухми умеди тешаи Фарҳодро
Кай кунад тамҳид ғайр аз домани ин кӯҳсор?!
Қомати сарви саҳӣ ангушти ҳайрат мешавад,
Бинадаш андар чаман гар шӯхии рафтори ёр.
Аз садои нағма ин овоз меояд ба гӯш:
Нест ҷуз танбӯр дигар як ҳарифи пардадор.
Эй хушо, Туғрал, аз ин як мисраи баҳри сухан:
«Шонае даркор дорад ришханди рӯзгор!»