Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Ба сӯи ёр агар ман кунам равон коғаз,

Ба сӯи ёр агар ман кунам равон коғаз, Ба ҷои барф биёяд зи осмон коғаз. Румузи нуктаи ушшоқ мекунад равшан Ба ҳар касе, ки бувад рози ӯ ниҳон коғаз. Набуд лоиқи ҳамчун ту туҳфаи дигар, Ба даргаҳи ту фиристодам армуғон коғаз. Ман ар ҳадиси ҷафоҳои ёр бинвисам, Тамом менашавад, гар шавад ҷаҳон коғаз. Яке зи ҳоли харобам ба нома кун пурсиш, Ки мебаранд ба ҳар сӯ кабӯтарон коғаз. Хушо насим, ки ҳангоми субҳдам як раҳ Ба андалеб расонад зи гулситон коғаз! Касе набуд, расонад ба ӯ паёми маро, Ба дасти боди сабо додаам аз он коғаз. Назар ба нома куну печутоби мо дарёб, Навиштаем ба сӯи ту з-имтиҳон коғаз. Ду ҷаъди турраи гесӯи ӯ бад-он монад, Фусунгарон, ки бароранд аз даҳон коғаз. Агарчи дурам аз он остон, бад-он шодам, Ки назди ёр кунад арзи ман баён коғаз. Бувад кунун зи сафои замири анвари худ Миёни ошиқу маъшуқ тарҷумон коғаз. Саводи нусхаи девони ишқ кун дар ҳам, Мабод дафтари ғамро кунад зиён коғаз! Диҳад ғубори хати ӯ бароти ман, Туғрал, Ки хоҷа медиҳад охир ба бандагон коғаз.