Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Эй нигоҳи шафқатомезат маро аз ҷон лазиз,

Эй нигоҳи шафқатомезат маро аз ҷон лазиз, Ҳар чӣ бошад дар ҷаҳон хуштар, маро аз он лазиз. Ҳаст дар комам гуворо талхии заҳри ғамат, Гарчи бошад дар мазоқи ҳар гадое нон лазиз. Ман гирифторам кунун бо дарди бедармони ту, Шарбате беморро кай бошад аз дармон лазиз?! Ҷониби мо, мустамандон кун, Худоро, як назар, Ҳеч набвад дар ҷаҳон некӯтар аз эҳсон лазиз! Мурдам аз фарёдат, эй рашки бутони кобулӣ, Гӯиё бошад ба гӯшат нолаи афғон лазиз! Ҳарфе аз лаъли ту бошад гавҳари қиматбаҳо, Менабошад ҳар матоъе, к-аш бувад арзон, лазиз. Дар сухан, Туғрал, тариқи пухтагонро пеша кун, Меваат гар хом бошад, нест дар дандон лазиз.