Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Биё, эй дил, ки найрангу фусунат пур ба кор ояд,

Биё, эй дил, ки найрангу фусунат пур ба кор ояд, Зи чашмаш соғари андешаро ранги хумор ояд. Зи даври печутоби оташи дил ашки гулгунам Ба ёди пойбӯсаш ҳамчу тифли найсавор ояд. Намебахшам ба ғамҳои фироқаш рӯзи шодиро, Ки ногаҳ як шабе ёди висолаш дар канор ояд. Зи ҷӯши сабзаи лаълат шуд оҳи бедилон афзун, Ки булбул дар чаман ҳангоми фасли навбаҳор ояд. Даҳонашро, ки асло нест имкони вуҷуди ӯ, Агар ваҳмат чу анқо бар сари шохи чанор ояд. Сафои оразу гулгунии рухсори ӯ бо ҳам Чу ранги сурхии барфе, ки аз оби анор ояд. Бароти сарнавишти мост аз эъҷози ёқутӣ, Ки ҳамчун ҷомаи хунин шаҳидатро ба кор ояд. Шаби ялдои ҳаҷратро агарчи нест поёне, Бад-он уммед хурсандам, ки дар рӯзи шумор ояд. Расад бӯи висолат дар димоғам з-изтироби дил, Куҷо имшаб маро хобе ба чашми интизор ояд?! Чӣ хуш гуфта-ст, Туғрал, ҳазрати баҳри сухан Бедил: «Ту гар оӣ, тараб ояд, биҳишт ояд, баҳор ояд!»