Зи ҷӯши ашк дар обам, гуҳарбор инчунин бояд,
Зи ҷӯши ашк дар обам, гуҳарбор инчунин бояд,
Зи шоми ғам сияҳрӯзам, шаби тор инчунин бояд.
Намебошад ба ғайри яъс дигар дастгири ман,
Ба накбатхонаи дунё мададгор инчунин бояд!
Надонад куфри зулфаш ҳеч ойини мусулмонӣ,
Ба кеши Аҳриман, албатта, зуннор инчунин бояд.
Зи дасти нокасе ҳамсанги пои мӯр гардидам,
Ба мизони муҳаббат вазну миқдор инчунин бояд.
Матоъи ҳар ду олам нақди меҳнатро намеарзад,
Қумоши ҷинси ғамро нархи бозор инчунин бояд.
Адиби тифли ашки ошиқон бошад сиришки ман,
Бале, дар силки ҷавҳар дурри шаҳвор инчунин бояд.
Пари парвона бошад равғани шамъи вафо имшаб,
Ба арзи муддао сомони изҳор инчунин бояд.
Арақ гул мекунад аз ҷавҳари акси рухаш ҳар дам,
Ба ҳайратхонаи ойина меъмор инчунин бояд.
Ҳазораш офарин, Туғрал, бар ин як мисраи Бедил:
«Зи ҳар мӯ домбардӯшам, гирифтор инчунин бояд!»