Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Наргиси масти ту олуи Ҳиротам надиҳад,

Наргиси масти ту олуи Ҳиротам надиҳад, Ҳалқаи зулфи ту аз банд наҷотам надиҳад. Ҷониби кӯи ту хоҳам, ки кунам парвозе, Шаҳпари бол расоӣ ба қанотам надиҳад. Ваҳ, ки амволи ҷамолат ба нисоб аст кунун, Лаъли ҷонбахши ту як бӯса закотам надиҳад! Ман ба ағёри ту ҳар лаҳза ба ҷангу ҷадалам, Лек тарсам, ки халосӣ зи ҷиҳотам надиҳад. Шукри ёдат кунам имрӯз, ки иқбол маро Ба ҳарими ҳарамат гар дараҷотам надиҳад. Дил ба зулфи ту гарав додаму бахти бади ман Дар ғами ишқи ту ҷуз сабру суботам надиҳад. Ман, ки дар муҳраи савдош фитодам, Туғрал, Тарсам аз киштии он рух, ки ба мотам надиҳад.