Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Зери теғи абруяш сад мисли ман гар сар диҳад,

Зери теғи абруяш сад мисли ман гар сар диҳад, Баҳри куштан муъҷизи лаълаш ҳаёт аз сар диҳад. Хоҳам аз лаълаш ба сад зорӣ агар оби ҳаёт, Дар гулӯи ташнаам об аз дами ханҷар диҳад. Дар хароботи муғон паймона гар қисмат кунад, Ғайрро ратли гарон бахшад, маро соғар диҳад. Бегунаҳ бинвохт моро, н-аз мусулмонист ин, К-инчунин дашноми беҷо кас на бо кофар диҳад! Накҳати рӯи гулаш бо мо намедорад раво, Лек чун бо дигарон аз гулшани дил бар диҳад. Ғайри моро ҳамчу носеҳ ҳарфҳо гӯяд бахайр, Дар суоли ман вале посух зи шӯру шар диҳад. Дафтари ҷурми рақибон маҳв созад сад ҳазор, Бесабаб аз қаҳр бо Туғрал дусад дафтар диҳад!