То шуъои меҳр аз ҷайби ту равшан мешавад,
То шуъои меҳр аз ҷайби ту равшан мешавад,
Домани ҳар зарра аз ойина хирман мешавад.
Пардаи дигар ба мизроби ғамаш даркор нест,
Аз баму зери ҷунун ин нола шеван мешавад.
Нест имкон, то ба арз орам ҳадиси васфи ӯ,
Баски аз ҳайрат забонам ҳамчу савсан мешавад.
Васл дорӣ орзу, шав бисмили шавқи талаб,
Мушкилоти дарси ӯ ҳал аз тапидан мешавад.
Ҳайрати мо гар шавад саргарми арзи муддао,
Ҷавҳари ойина яксар чини доман мешавад.
Дар ҳарими васли ӯ ҳар лаҳза дар базми адаб
Ошёни мурғи рангам аз паридан мешавад.
Пайкари мо нест муҳтоҷе ба ташрифи дигар,
Оқибат ин хоксорӣ кисвати тан мешавад.
Туғрал, аз баҳри зиёи партави меҳри рухаш
Ҳар буни мӯ бар танам монанди равзан мешавад.