Сарам ба зери қудуми ту гар ғубор шавад,
Сарам ба зери қудуми ту гар ғубор шавад,
Зи юмни мақдами ту хони ман мазор шавад.
Яке гузар ба сари турбатам, ки баъд аз марг
Зи хоки ман ба раҳат наргис интизор шавад.
Даме ба сӯи чаман бигзару тамошо кун,
Ки саҳни боғ пур аз ғулғули ҳазор шавад.
Суман, ки зулфи туро дид, сар фуруд орад,
Гул аз таровати рухсораи ту хор шавад.
Лабат, ки вақти такаллум ҳаёт мебахшад,
Масеҳ аз лаби лаъли ту шармсор шавад.
Амири кишвари ҳуснию нест монандат,
Ҳар он ки рӯи туро дид, беқарор шавад.
Манам, ки ҳалқабагӯши туам, намепурсӣ,
Чӣ мешавад, ки туро Туғрал эътибор шавад?!